Ссылки доступа

Марги ронандае дар Ӯзбекистон баъди сабти ҷанҷоли нозирони роҳ дар телефони ҳамроҳаш


Насимҷон Холиқови 31-солаи шаҳрванди Ӯзбекистон, ки бо мошини шахсиаш аз Самарқанд ба Қарақалпоқистон сафар карда буд, ба манзилаш зинда нарасид.

Яке аз дӯстони Насимҷон ҷузъиёти ҳодисаро нақл кард: "Яке аз дӯстони мо аз Русия меомад. Мошинаш дар Қазоқистон вайрон шуд. Вай ба Насимҷон тамос гирифт ва хоҳиш кард, ки ӯро дар Қарақалпоқистон пешвоз гирад. Мо бо мошин ба онҷо рафтем. Ҳангоми баргашт дар нимароҳ пулис моро манъ кард", - нақл кард ронандаи самарқандӣ Сайдулло Уринов.

"Атроф торик буд, маро якбора 8 нозир манъ карданд. Ба далели аз кор мондани яке аз чароғакҳо нозирон хостанд, нисбати ман санад тартиб диҳанд. Ба ҳамин далели миёни мо нофаҳмӣ рух дод. Насимҷон аз мошин берун шуду ин ҳамаро ба навор гирифт. Нозирон Насимҷонро таъқиб карданд", - гуфт Сайдулло Уринов.

Шоҳидон гуфтанд, ки баъди 20 дақиқа нозирон аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Вақте дӯстон Насмиҷонро суроғ ва 500 метр дуртар аз ҷои ҳодиса пайдо карданд, ки вай мурда буд.

Мақомоти Ӯзбекистон ҷо доштани ҳодисаи мазкурро рад накарданд ва хабар доданд, ки додситонӣ марги Насимҷонро таҳқиқ дорад.

XS
SM
MD
LG