Ссылки доступа

Пулиси Тошканд: таблиғи маводи мухаддирро сокини Самарқанд фармоиш додааст


Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд мегӯяд, фармоишгари эълонҳое, ки маводи мухаддирро пинҳонӣ таблиғ мекунанд, як сокини шаҳри Самарқанд аст.

Ба огаҳии раёсат, мард гуфтааст, ки фармоишро аз як блогери рус тариқи Интернет қабул карда, пул низ ба ҳисоби бонкияш интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи сокини Самарқанд, ӯ тарҳҳои эълонҳоро омода қабул карда буд.

Чунин эълонҳо дар баробари шаҳри Тошканд бо фармоиши Х.С. дар хиёбонҳои шаҳри Самарқанд низ насб карда шудаанд.

Дар натиҷаи санҷиш маълум гашт, ки фармоиши насби эълонҳои мазкурро дар ноҳияи Яшнобод Ш.Ш-и 48-сола қабул ва иҷро кардааст. Фармоишгар сокини 29-солаи Самарқанд С.Х. ва раҳбари ширкате аст, ки бо омода кардани эълонҳои берунӣ машғул аст.

Рӯзноманигори тошкандӣ Муҳаммадшариф Мамадқулов ба эълонҳо таваҷҷуҳ карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огаҳ кардааст. Вақте рӯзноманигорон рамзи QR-ро чиданд ба сомонае ворид шуданд, ки доруҳои мамнуъро таблиғ мекунад.

XS
SM
MD
LG