Ссылки доступа

Додгоҳ ҳукми яке аз раҳбарони эътирозҳои Жанаозенро тағйир надод


Додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон 25 ноябр ҳукми зиндони Ержан Елшибоев, яке аз раҳбарони эътирозҳои шаҳри Жанаозен зидди бекориро бетағйир гузошт.

Додгоҳ баррасии дархости бозбинии ҳукмро рӯзи душанбе оғоз ва худи ҳамон рӯз қарорро содир кард. Ба гуфтаи ҳамсари Елшибоев - Динора Хайрулинна, мурофиа бе иштироки маҳкумшуда баргузор шуд.

Вакилони дифои фаъоли қазоқ гуфтанд, тасмим доранд аз болои қарор ба Додгоҳи олии Қазоқистон шикоят баранд.

Додгоҳи шаҳрии Жанаозен 17 октябр фаъоли маданӣ Ержан Елшибоеви 31-соларо дар доираи парвандае, ки сокинони маҳаллӣ онро сиёсӣ меноманд, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Елшибоев пас аз матраҳ кардани мушкили бекории сокинон дар пасманзари эътирозҳои моҳи февралу марти соли равон дар вилояти Жанаозен мавриди таъқиб қарор гирифт.

Ержан Елшибоев бо банди "Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ" зиндонӣ шуд. Ба гуфтаи муфаттишон, ӯ гӯиё соли 2017 дар натиҷаи як задухӯрд ба шахси ношиносе осеб расондааст. Худи вай ин айбро беасос номида, мегӯяд, ба хотири фаъолиятҳои маданияш таъқиб шуд.

XS
SM
MD
LG