Википедия ё донишномаи озод дар мақолае дар бораи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чанде пеш ҷузъиёти гуфтугӯи кормандони сафорати ИМА дар Ишқободро ворид кард. Ин гуфтугӯ чанд соли пеш аз сӯи WikiLeaks нашр шуда буд.
Рӯзи 5 ноябр донишномаи озод дар бахши "Шахсият ва дидгоҳ" маводи нашркардаи WikiLeaks-ро ҷо кард.
Дипломатҳои амрикоӣ Бердимуҳаммадовро ҳамчун "мағруру ҳасуд, интиқомҷӯ, хурдагир, душмани одамони аз худ донишмандтар" унвон карда буданд. Ҳамчунин дар маводи WikiLeaks аз номи дипломатҳои амрикоӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун "одами шубҳанок, нобовар, маҳдуд, куҳнагаро, дурӯғгӯ, "бозигари хуб", интиқомҷӯ" баҳо дода шуда буд.
Бино ба баҳогузории сомонаҳои таҳлилӣ, Википедия дар Туркманистон яке аз сомонаҳоест, ки корбари зиёде дорад. Бархе аз созмонҳои байналхалқӣ дар раддабандии озодиҳои интернет дар соли 2019 дар миёни 180 кишвари ҷаҳон Туркманитсонро дар мақоми 180-ум қарор доданд.