Ссылки доступа

Боздошти 10 зодаи Ӯзбекистон баъди занозание дар Москва (видео)


Дар шаҳри Москваи Русия бо иштироки ӯзбекистониҳо занозании гуруҳӣ сурат гирифт. Пулис 15 одам, аз ҷумла 10 зодаи Ӯзбекистонро бо гумони иштирок дар занозанӣ боздошт кард.

Расонаҳои Русия рӯзи 24 ноябр хабар доданд, ки кӯчарубҳо дар кӯчаи Ефремови шаҳри Москва занозанӣ кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, шаҳрвандони Ӯзбекистон бо шаҳрвандони Қирғизистон занозанӣ карданд.

Кӯчарубҳо баъди бозии футбол занозанӣ ва аз белу оҳан истифода кардаанд. Бозии футбол бо вайрон кардани қоидаҳо ба поён расид ва яке аз тимҳо эътироз кард.

Дар бораи маҷруҳон хабаре нашр нашудааст. Дар ҳоли ҳозир нисбати боздоштшудаҳо бо айби "майдаавбошӣ" санад тартиб дода шудааст.

XS
SM
MD
LG