Ссылки доступа

Хонаводаи Мирзиёев ин бор ба ошпази маъруфи турк зиёфат доданд


Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 23 ноябр қассоб ва ошпази маъруфи турк Нусрет Гёкче (Nusret Gökçe)-ро, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм хеле машҳур аст, бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.

Нусрет Гёкче аксу видеои пешвозгирии худро дар Инстаграм нашр кард. Тавре дар аксҳо дида мешавад, ӯ меҳмони хонаводаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст.

Дар рӯзи дувуми сафари Нусрет Гёкче ба Тошканд, 24 ноябр домоди калонии президенти Ӯзбекистон зодрӯзи худро ҷашн гирифт. Ба гуфтаи мансабдорони ӯзбек, ки ҷузъиёти сафари ошпази машҳури туркро ба Тошканд ифшо карданд, Нусрет Гёкче яке аз "туҳфа"-и гаронарзиш барои домоди президенти Ӯзбекистон дар рӯзи зодрӯзаш буд.

Ба гуфтаи як мансабдор аз Тошканд, ошпази маъруфи турк як рӯз пас аз санаи таъйиншуда ба Тошканд расидааст. "Ӯро бо ҳавопаймои махсус оварданд. Халабонҳо вайро як рӯз мунтазир шуданд. То ҷое медонем, ӯро ҳамчун туҳфа дар рӯзи зодрӯзи домоди президент Ойбек Турсунов ба Ӯзбекистон оварданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG