Ссылки доступа

Трампро ба ҷаласаи эъломи нобоварӣ даъват карданд


Кумитаи ҳуқуқи порлумони ИМА ҳафтаи оянда масъалаи эъломи нобоварӣ ба президенти ин кишвар Доналд Трампро ба баррасӣ мегирад.

Ҷерролд Надлер, раиси кумитаи мазкур рӯзи чаҳоршанбе бо ирсоли нома ба Кохи сафед президент Трампро даъват кард, ки дар ҷаласаи рӯзи 4 декабр ширкат варзад. Президент метавонад, шахсан ширкат кунад ё вакили мудофеашро ирсол намояд.

Дар нома омадааст, ки дар ҷаласаи рӯзи 4 декабр масъалаи мавҷуд будани асоси конститутсионӣ ба эъломи нобоварӣ ба Трамп баррасӣ мешавад. Барои мушаххас кардани ин масъала ҳуқуқшиносон, коршиносони ҳуқуқи конститутсионӣ низ ба ҷаласа даъват мешаванд.

Трамп ҳанӯз ба ин даъват вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин вай борҳо пажуҳиши эҳтимоли эъломи нобоварӣ нисбаташро танқид карда буд. Ва иқдоми эъломи нобовариро пешдоварӣ унвон мекунад.​

Ирсоли парвандаи пажуҳиш ба кумитаи ҳуқуқ маънои онро дорад, ки пажуҳиши эъломи нобоварӣ нисбати Трамп ба поён расидааст.

Трамп дар он гумонбар мешавад, ки бо умеди касби имтиёзи сиёсӣ, ба вижа расонидани зиён ба рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2020 Ҷо Байден, ба мақомоти Украина фишор овардааст.

XS
SM
MD
LG