Ссылки доступа

Сокинони Нурсултон бо талаби "озодиҳои шаҳрвандӣ" ба кӯча баромаданд


Чанд тан аз фаъолон рӯзи 27 ноябр назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ шуда, аз дипломатҳои Иттиҳод даъват карданд, ки наздашон бароянд ва арзашонро шунаванд.

Гирдиҳамомадагон мегӯянд, ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар ватанашон помол мешавад ва онҳоро таъқиб мекунанду иҷозаи баргузории эътирозҳоро намедиҳанд.

Фаъолон рӯзи дувум аст, ки назди бинои Иттиҳоди Аврупо гирдиҳамоӣ мекунанд. Гирдиҳамоии рӯзи аввали онҳо наздики 3 соат давом кард. Ҳеч касе аз дипломатҳои ИА назди онҳо набаромад.

Гирдиҳамомадагони пушти дари ИА ҳамзамон шиорҳои "Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ!", "Нест бод ғасбкории Чин" сар медиҳанд.

Дар "Стратегияи ИА дар Осиёи Марказӣ", ки моҳи майи соли ҷорӣ қабул шуд, се бахши афзалиятноки ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар минтақа зикр шудааст. Дар бахши аввал омадааст, ки ИА "ба густариши демократия, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун" дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG