Ссылки доступа

Маҳбусони "урдугоҳҳо"-и Шинҷон дар нишасти Нурсултон гуфтанд, чи гуна шиканҷа мешуданд


Дар нишасти хабарие, ки 27 ноябр дар шаҳри Нурсултон дар робита ба вазъи қазоқтаборони минтақаи Шинҷон баргузор шуд, чандин нафар гуфтанд, дар "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Чин иҷборан нигаҳдорӣ ва шиканҷа шудаанд.

Яке аз иштирокдорони нишаст, ки худро Турсунбек Кабӣ муаррифӣ кард, гуфт, давоми 17 моҳ дар Чин аз тамоми ҳуқуқҳояш маҳрум буд. Ба гуфтаи Кабӣ, ӯ як муддат дар Шинҷон дар ҳабси хонагӣ қарор дошт ва ӯро ба корҳои бидуни музд иҷборан ҷалб мекарданд. Сипас 9 шабонарӯзи дигар дар як зиндони зеризаминӣ нигаҳдорӣ ва шиканҷа шудааст.

"Дар зиндони зеризаминие дар чуқурии 20 метр нигаҳ медоштанд. Хоб рафтан намемонданд. Дар миёни мо нозирон бо чӯбдаст меистоданд. Онҳо барои он меистоданд, ки зиндониён бо ҳам гап назананд ва хоб нараванд. Ба зиндониён ғизои моеъ ё об намедоданд. Иҷборан маводи номаълумеро истеъмол мекардем", - изҳор дошт ӯ.

Даҳҳо иштирокдори нишаст аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки барои озодии маҳбусон аз "урдугоҳҳои бозтарбия"-и Шинҷон кумак кунанд. Онҳо дар даст акси наздиконашонро доштанд, ки дар Шинҷон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Раҳбари созмони "European Kazakh Forum" Омирхан Алтин, ки аз Олмон ба Нурсултон рафта буд, мақомоти қазоқро ба ҷонибдорӣ аз сиёсатҳои Чин нисбат ба ақалиятҳои мусулмони Шинҷон айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, созмондиҳандагони нишаст як қатор мансабдорони баландпояи Қазоқистон, аз ҷумла раиси сенати ин кишвар ва духтари президенти пешин Дариға Назарбоеваро ба нишаст даъват карда буданд.

"Наомадани онҳо маънои онро дорад, ки ҳукумати Қазоқистон ба мушкили мазкур чашм мепӯшад", - изҳор дошт Алтин.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои Олмон, Бритониё ва ИМА иштирок доштанд.

Сафири Чин дар Нурсултон Чжан Сяо 27 ноябр дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи президенти нахустини Қазоқистон хабарҳо дар бораи иҷборан нигаҳ доштани ақалиятҳои қазоқро дар урдугоҳҳои Шинҷон "дурӯғ" номид. "Ин хабарҳо аз куҷо ҳастанд? Ҳамааш дурӯғ аст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG