Ссылки доступа

Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфт, шаҳрдори Тошканд ҷиноят содир накардааст


Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи чаҳоршанбе аз натиҷаҳои тафтиши садои шаҳрдори Тошканд, ки дар он рӯзноманигорон таҳдиду таҳқир мешуданд, изҳорот нашр кард.

Ёдрас мешавем, рӯзи 16 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти садое нашр шуд, ки дар он шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Артиқхоҷаев рӯзноманигорони сомонаи Kun.uz-ро таҳқиру таҳдид мекунад.

Рӯзи 18 ноябр Kun.uz хабар дод, ки ҷанҷол бо Артиқхоҷаев ҳал шудааст. Аммо ҳамон рӯз ду хабарнигори сомона бо нишони эътироз зидди шаҳрдор корро қатъ карданд.

Баъди нашри садо додситонии кулли Ӯзбекистон хабар дод, ки ин ҳолатро тафтиш мекунад.

Дар изҳороти додситонии кул омадааст, ки дар ҳарфҳои шаҳрдори Тошканд "таркиби ҷиноят" дида намешавад, зеро ҳарфҳои вай "хосияти умумӣ дошта, махсус зидди як нафар равона нашуда ва таҳдиди воқеӣ низ набуданд". Дар ҳамин асос додситонӣ аз боз кардани парванда худдорӣ варзидааст.

Додситонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки хабарнигорон ҳақ надоштанд, ин садоро оммавӣ кунанд.

"Хабанигорони Kun.uz бо вайрон кардани Қонун "Дар бораи фаъолияти касбии рӯзноманигорӣ" ба таври пинҳонӣ гуфтугӯро сабт карда, онро ба идора расонидаанд. Дар навбати худ идораи сомона садоро маҳв накардааст. Ва фарди ношиносе бо қасди бадномсозии ҳокими шаҳр онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст", - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

XS
SM
MD
LG