Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон мулоқот ва ба сокинон 116 тона ангишт доданд.
Ба гуфтаи мақомот, 16 км лула аз кор баромад ва ба ин далел интиқоли газ ба деҳа қатъ шуд. Дар ҳоли ҳозир масъулон имкони дубора барқарор кардани интиқоли газро баррасӣ мекунанд.
Дар Ӯзбекистон дар фасли тирамоҳу зимистон қатъи интиқоли барқу гази табиӣ ба як падидади маъмулӣ табдил шудааст.
Пештар аз ин хабар расид, ки интиқоли гази табиӣ ба даҳҳо тарабхона ва қаҳвахона дар шаҳри Тирмиз то 1 апрели соли 2020 қатъ шудааст.