Ссылки доступа

Президентҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканд шуданд


Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 29 ноябр мулоқоти дувуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шаби 28 ба 29 ноябр вориди Тошканд шуд. Ӯро дар фурудгоҳ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов пешвоз гирифт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар шаҳри Тошканд қарор дорад.

Пештар хабар доданд, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ дар доираи як сафари корӣ ба Ӯзбекистон рафт. Ӯ бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев мулоқот кард, вале ҳоло маълум нест, ки дар нишасти сарони Осиёи Марказӣ иштирок мекунад, ё не.

Ба огаҳии дафтари матбуотии президенти Қирғизистон, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии минтақавӣ баррасӣ мешавад.

Президенти Қирғизистон ҳамчунин бо Мирзиёев мулоқоти дуҷонибаеро анҷом хоҳад дод.

Ёдрас мешавем, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуд. Моҳи июли соли равон дар Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон иттилоъ доданд, ки мулоқоти дувум тирамоҳи имсол дар Тошканд баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG