Ссылки доступа

Ҳукми ҳабси ҳамсафони президенти пешини Қирғизистон тамдид шуд


Фарид Ниёзов, роҳбари пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон то ду моҳи дигар дар ҳабс мемонад. Дар ин бора аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд.

Фарид Ниёзов, инчунин Кияз Смаилов ва Амонтур Жамгариев - тарафдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон - то 9 феврали соли 2020 дар ҳабс хоҳанд монд. Пештар ҳукми боздошти онҳо то 9 декабр тамдид шуда буд.

Онҳо дар гаравгонгирии шаш корманди гуруҳи "Алфа"-и КДАМ айбдор мешаванд. Вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова ҳам бо айни ҳамин иттиҳом айбдор мешаванд. Ин ду вакил ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд.

Дар натиҷа рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи он даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG