Ссылки доступа

Тазоҳургарони Бағдод наврасеро худсарона муҷозот карданд


Эътирозгарон дар шаҳри Бағдоди Ироқ навраси 16-солаеро шадидан латтукӯб карданд, ки гумон меравад, ба сӯи иштирокчиёни тазоҳурот оташ кушода буд. Ба иттилои расонаҳо, тазоҳургарон ҷасади наврасро лагадкӯб карда, дар симчӯб овехтанд.

Видеое ки дар Интернет нашр шуд, нишон медиҳад як гуруҳ одамеро кашола доранд ва мардум ӯро лагад мезананд. Сипас ҷасади тақрибан лучро аз пойҳояш дар симчӯби чароғак овехтанд.

Эътирозгарон гуфтанд, ин наврас дар миёни онҳое буд, ки ба урдугоҳи тазоҳургарон дар маркази Бағдод ҳамла карданд. Пулиси Ироқ пештар хабар дод, ки тазоҳургарон хонаи волидони наврасро оташ заданд.

Вале тазоҳургарон даст доштани худ дар ин корро рад карда, гуфтанд, хонаро онҳое оташ заданд, ки ба эътирозгарон рабте надоранд.

Ёдрас мешавем, ахиран гуруҳи номаълуме ба сӯи тазоҳургарон дар майдони Таҳрири шаҳри Бағдод оташ кушод. Ба иттилои телевизиони Sky News Arabia, шаш кас кушта шуд. Сафорати ИМА ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ироқ ҳамларо маҳкум карданд.

Сокинони Ироқ аз 1 октябри соли равон ба ин сӯ зидди бад шудани вазъи зиндагӣ, болоравии сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон ва коррупсия эътироз доранд. Бино ба маълумоти расмии ахир, то ин дам дар натиҷаи эътирозҳо беш аз 510 кас кушта ва 21 ҳазор одами дигар осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG