Ссылки доступа

Тоҷикистон Санҷар Ахатовро ба Ӯзбекистон истирдод намекунад


Шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Санҷар Ахатов 20 октябри соли равон дар ватан бо гумони қатли ҳамсари 27-солааш Лайло Гадойбоева, зодаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дастгир шудааст.

Дар ин бора як масъули Додгоҳи вилояти Суғд 10 декабр хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Ахатов дар ҳоли ҳозир ба "Куштори барқасдона" айбдор мешавад ва эҳтимоли истирдоди ӯ ба Ӯзбекистон ба сифр баробар аст.

"Мо наметавонем ӯро ба Ӯзбекистон истирдод кунем, зеро вай шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бар асоси конвенсияи Минск ва Кишинев низ ин кор номумкин аст. Мо новобаста аз он ки шаҳрвандамон дар кишвари хориҷӣ чи ҷиноят содир кардааст, ӯро ба давлати дигар истирдод намекунем. Баръакс, кишвари хориҷие, ки дар он ҷиноят содир шудааст, бояд тамоми маълумотро ба мо пешниҳод кунад. Тафтишот дар кишвари мо анҷом мешавад. Дар ҳоли ҳозир парвандаи Ахатовро додситонии вилоятӣ тафтиш дорад. Ӯ бар асоси қонунҳои Тоҷикистон зиндонӣ мешавад", - гуфт намояндаи додгоҳ.

Наздикони Лайло Гадойбоев мегӯянд, "куштори духтари онҳо дар натиҷаи бетафовутии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мансабдорони маҳаллӣ рух додааст". Ба гуфтаи модари Гадойбоева, ӯ ҷасади беҷони духтарашро 20 октябри соли равон дар хонаи худаш пайдо кардааст.

Камила Гадойбоева, модари Лайло мегӯяд, духтараш 20 феврали соли равон бо Санҷар Ахатов издивоҷ кард. Вале дертар фаҳмид, ки шавҳараш ба Вируси норасоии масъунияти бадан (СПИД) мубтало аст.

Модари Лайло афзуд, ки духтараш пас аз шунидани ин маълумот чандин бор талош кардааст, аз шавҳараш ҷудо шавад, вале гӯиё Ахатов ҳар бор ӯро шадидан латтукӯб мекардааст. "5 сентябр Ахатов Лайлоро сахт латтукӯб кард ва Лайло пулисро даъват кард. Дар натиҷа нозири минтақавӣ онҳоро ба шуъба бурда, баёнот гирифтааст", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи кормандони Раёсати пулиси шаҳри Янгиери Сирдарё, Санҷар Ахатов 5 сентябр пас аз додани баёнот ва ваъдаи дигар латтукӯб накардани ҳамсараш раҳо шудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда гӯиё Ахатов 20 сентябр дубора ҳамсарашро латтукӯб карда, бинияшро шикастааст.

Дар натиҷа Лайло Гадойбоева ба садори пулиси Янгиер Ғолиб Кучимов муроҷиат карда, гуфтааст, ҷонаш дар хатар аст. "Кучимов ба суханҳои Лайло гуш накард ва гуфт, "одаме, ки ба қатл таҳдид намекунад, ҳечгоҳ ин корро намекунад. Ба хона рафта, бо шавҳаратон оштӣ кунед ва зиндагиро идома диҳед", - гуфт яке аз наздикони Лайло.

Ҳаминтариқ 20 октябри соли равон ҷасади беҷони Лайло дар манзили зисташ пайдо шудааст. Бар асоси ташхиси судӣ-тиббӣ, ӯ дар натиҷаи буғӣ кардан ҷон додааст.

Санҷар Ахатов иқрор карда, ки ҳамсарашро ба қатл расондааст. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG