Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар Чимкент Дилора Исо хабар дод, ки аз субҳ ду тан дар либоси мулкӣ ӯро таъқиб менамоянд. Яке аз онҳо дар дохили автобус ӯро бо телефон ба навор гирифтааст. Ҳамчунин аз субҳ ба телефони ӯ аз рақамҳои ношинос занг меояд.
Пулиси Қарағанда низ сокини маҳаллӣ Мурд Ҷимбоевро дастгир кардааст. Нозири минтақавӣ гуфтааст, ки фаъоли маданӣ барои суҳбат даъват шудааст, вале даъватномаи бемуҳрро пешниҳод кардааст. Сокини Алмато Айнур Медина ҳам субҳи 16 декабр дар роҳ ба коргоҳаш дастгир гаштааст. Фаъоли дигар аз Алмато Курал Медеуов дар Фейсбук навишт, ки кормандони пулис ӯро субҳ боздошт карданд.
Дар шаҳри Уралск рӯзноманигор ва муҳаррири нашрияи "Ҳафтаи Уралск" Лукпан Ахмедяров боздошт шуда, ӯро барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид дар доираи парвандаи номаълуме ба шуъба бурдаанд.
Фаъолони маданӣ аз шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон пештар хабар доданд, ки аз субҳи рӯзи якшанбе ба ин тараф таъқиб мешаванд. Чанде пеш дар шаҳри Оқтеппа маъмурони пулис дар ба дари хонаи фаъолон рафта, даъватнома додаанд, ки субҳи сешанбе барои бозпурсӣ ба идораи пулис ҳозир шаванд.
Ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон", ки аз сӯи мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов дар хориҷ таъсис ёфтааст, пештар гуфта буд, 16 декабр қасди ташкили тазоҳурот дар як қатор шаҳрҳои ин кишварро дорад.