- Дар Ӯзбекистон мардеро дар қатли ҳамсараш айбдор мекунанд. Зан ба пулис муроҷиат кардааст, вале ӯро ҳимоят накардаанд. (видеои Настоящее время)
- Эътирозу боздоштҳо дар Нурсултон ва Алмато. (видео аз Директ)
- Як қисми Душанбе бе об монд. Чаро? Тақрибан дар ду рӯзи ахир бисёре аз сокинони Душанбе аз якбора қатъ шудани об ба хонаҳояшон шикоят мекунанд. Ин мушкил аз субҳи рӯзи 16-уми декабр оғоз шуда, то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Баъзе афрод мегӯянд, дастикам панҷ рӯз боз ба ин мушкил рӯ ба рӯянд (видео)
- Гуфтугӯ бо Хосият Ёрова баъди бозгашт аз Олмон. Хосият Ёрова, хоҳари 38-солаи вакили мудофеи зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, гуфт, ба хотири модари пир ва мубориза барои озодии бародараш ба Тоҷикистон баргаштааст ва ҳамагуна созиши пешакӣ бо мақомотро рад кард. Вай тақрибан се соли ахир дар Олмон буд ва мунтазири санади паноҳандагӣ (видео)
- Бунёд Раҳнамо шоҳҷоизаи "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро ба даст овард. Бунёд Раҳнамо, писари 16-солаи Абдуллоҳи Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки тирамоҳи имсол дар нишасти Варшава бо мухолифони тоҷик дар хориҷ вориди баҳс шуд, барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" эълон гардид (видео)
- Сокини Душанбе: маро барои ҳиҷобам боздошт ва дар шуъбаи пулис таҳқир карданд. (видео)
- Чаро Путинро дар Қирғизистон дуст медоранд. Дар Қирғизистон пайкараи президенти Русия Владимир Путинро насб карданд. Он дар ҳудуди меҳмонхонаи хусусие қомат афрохтааст. (видео)
- Додгоҳе дар Бишкек чи гуна дастрасӣ ба суратҳисоби расонаҳоеро барқарор кард, ки дар бораи фасодкорӣ таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карданд. Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек дастрасӣ ба суратҳисоби бонкии се расона: Kloop, 24.kg ва Радиои Озодиро фароҳам овард (видео аз Директ)
- Чаро муҳоҷирон бозгашти "Золотая корона"-ро орзу мекунанд? (видео)
- Ронандагони муҳоҷир талаб доранд, ки ОМОН-и Хабаровск ба ҷавобгарӣ кашида шавад (видео)
- Эълони ҳукм ва татбиқи афв нисбат ба милисаҳои муттаҳам ба шиканҷа. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро аз ҳафт то ҳабдаҳ сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва нисбат ба нафарони зери ҳимояташон ноадолатӣ сурат гирифтааст (видео)
- Ба вакилони анҷумани ҲХДТ дастур додаанд, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд (Бе шарҳ). Рӯзи 13-уми декабр, баъд аз поёни анҷумани ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, аксар аъзои он аз шарҳи он чи дар дохили "Кохи Борбад"-и Душанбе гузашт, худдорӣ карданд. Баъзе фишори баланду бархеи дигар сарпӯш ва иддае камии вақтро баҳона пеш оварданд (видео)
- Муҳоҷирони тоҷик фурӯшандаи 400 «билети арзон»-ро меҷӯянд. Беш аз 400 муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия иддао доранд, ки ба доми “аҳроми фиреб”-и як ҳамватаншон афтиданд ва аз 8 то 10 миллион рубли русӣ зиён дидаанд (видео)
- Додситонӣ: наздик ба дувуним миллион корбари тоҷики интернет сайтҳои ифротиву террористиро мебинанд. Намояндаи идораи додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, 80 дарсади корбарони интернет дар Тоҷикистон зоҳу нохоҳ сайтҳои ифротиву террористиро мебинанд (видео)
- Ишқобод дар остонаи соли 2020 (нигористон)