Ссылки доступа

Муфтиёти Қирғизистон аз руҳониён хост, ба таҷлил аз Соли нав зиддият накунанд


Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон дар робита ба таҷлили Соли нав фатво содир кард.

Дар ин фатво омадааст, руҳониён набояд зидди ҷашнҳое таблиғ кунанд, ки дар асоси қонунгузории Қирғизистон таҷлил мешаванд. Иҷрои фатво ба ҳамаи руҳониёне дастур шудааст, ки таҳти муфтиёт фаъолият мекунанд.

Дар Қирғизистон монанди аксари кишварҳои дунё шаби 31 декабр ба 1 январ Соли нав таҷлил мешавад. Аммо дар солҳои охир руҳониён дар мавъизаҳояшон зикр мекунанд, ки Соли нав иди мусалмонҳо нест. Ҳамасола атрофи ин мавзуъ баҳс бармехезад.

XS
SM
MD
LG