Ҳавопаймо, ки аз Алмато ба шаҳри Нурсултон парвоз мекард, ки дар наздикии фурудгоҳи Алмато суқут кард. Ҳавопаймо 93 мусофир ва 5 сарнишин дошт. 12 кас кушта шуд. Рӯзи 28 декабр 49 каси дигар дар бемористон бистарӣ буданд, ки аз ин шумор вазъи сиҳатии ҳафт танашон вазнин арзёбӣ мешуд.
Фурудгоҳи Алмато бо нашри иттилоияе ҷузъиёти суқутро оммавӣ кард.
05.35 – шуруъи сабти ном;
06.35 – анҷоми сабти ном;
07.03 – анҷоми вуруд ба ҳавопаймо;
07.21 – парвоз;
07.22 – ҳавопаймо аз радарҳо нопадид шуд;
07.24 – роҳбари бахши парвоз бонги хатар зад;
07.27 – тими наҷотдиҳандагон ҷамъоварӣ шуданд;
07.36 – нахустин гуруҳи наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ба наҷоти мусофирон пардохтанд;
07.38 – ҳамаи ҳайати наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва ба наҷоти мусофирон пардохтанд;
08.10 – ҳамаи мусофироне ки озодона ҳаракат карда метавонистанд, ба фурудгоҳ оварда шуданд;
Рӯзи 29 декабр дар Алмато ва Нурсултон бо сокиноне видоъ гуфтанд, ки дар суқути ҳавопаймо кушта шуданд.
Субҳи 27-уми декабр як ҳавопаймои ширкати ҳавоии "Bek Air" бо 93 мусофир ва 5 ҳайати парвоз, дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Алмато суқут кард.
Тибқи иттилои қаблӣ, ҳавопаймо дар ҳудуди ноҳияи Талгари вилояти Алмато дар наздикии шаҳраки Гулдала афтодааст. Ба иттилои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳавопаймо дар масофаи як километр дуртар аз хатти парвоз дар наздики шаҳраки Гулдала суқут кард. Дар натиҷаи садама як бинои истиқоматии дуошёна тахриб шуд.
"Барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ таъсис шудааст. То дақиқ шудани сабаҳои ҳодиса парвози ин гуна ҳавопаймоҳо манъ мебошад" - гуфта шудааст дар иттилоияи вазорати саноат ва рушди зербинои Қазоқистон.
Ҳавопаймоҳои ширкати Bek Air умдатан аз ҳавопаймои Fokker-100 иборат аст. Президенти Қазоқистон ба наздикони фавтидагон изҳори тасаллият карда, ваъда додааст, ки ҳамаи гунаҳкорони ин садама муҷозот хоҳанд шуд.