Ба мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, ду ошхонаи аввалӣ хисороти ҷиддӣ дида ва ошхонаи "Наврӯз" қисман вайрон шудааст. Ба гуфтаи мақомот, cӯхтори шаби гузашта як соат идома кардааст.
Дар қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон субҳи 30-юми декабр гуфтанд, ки сӯхтор соати 02:25 оғоз шуда, ҳудуди 1 соат идома кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, масоҳати сӯхтор 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва оташнишонҳо тавонистанд давоми як соат бо истифода аз 9 мошин оташро хомӯш кунанд.
То ба ҳол сабабҳои ин сӯхтор маълум нест ва низ эълон нашудааст, ки оташсӯзӣ аз кадом яке аз ин ошхонаҳо оғоз шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи махсус таъсис шуда, сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти онро маълум мекунад. Гуфта мешавад, ки бархе биноҳои пушти ин ошхонаҳо низ дар ин оташсӯзӣ зарар дидаанд.
Ин ошхонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои пуриздиҳоми атрофи бозори "Саховат" ҷойгир мебошанд.
Оташ гирифтани бозору корхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташсӯзиҳо шудааст.