Ссылки доступа

Дар Чин олимеро бо гуноҳи тағйир додани ДНК-и ҷанин 3 сол зиндонӣ карданд


Додгоҳи Чин донишманд Хэ Сзянкуяро бо айби ғайриқонунӣ иваз кардани геномени ҷанини инсон 3 сол зиндонӣ ва наздики 430 ҳазор доллар ҷарима кард. Дар ин бора хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

Моҳи ноябри соли гузашта Хэ Сзянкуя хабар дод, дар таваллуди ду духтари дугонике кумак кардааст, ки генҳояшон иваз шудаанд. Тағйири ген ба хотири пешгирӣ аз мубтало шудан дар оянда ба вируси ВИЧ ё норасоии масунияти инсон анҷом шудааст. Мақолаи илмие дар бораи пажуҳиши вай ва ё тасдиқи мустақиле дар бораи усули ин олими чинӣ то кунун мавҷуд нест.

Ибтидои моҳи декабр маҷаллаи MIT Technology Review дар бораи озмоиши олими чинӣ мақолае чоп кард. Бештар аз 100 олими чинӣ дар номаи бозе навиштанд, ки пайдо кардани гени лозимӣ дар ДНК ва маҳви он ё тағйир додани он хатарнок, беасос аст ва ба эътибору рушди ҷомеаи биотиббӣ латма мерасонад.

Моҳи январи соли 2019 мақомоти Чин озмоиши Хэ Сзянкуяро ғайриқонунӣ арзёбӣ карданд.

Бар фарқ аз кишварҳои дигар, дар Чин озмоиш болои генҳои инсонӣ мустақиман манъ нашудааст. Аммо мавҷудияти меъёрҳои ахлоқӣ барои олимон анҷом додани чунин озмоишҳоро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG