Ссылки доступа

Дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия 60 ҳазор қирғизистонӣ сабт аст


Ҳудуди 850 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар хориҷ аз ин кишвар ба таври муваққат ё мудовим истиқомат доранд. Дар ин бора Алмаз Имонғозиев, як масъули вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфти ин масъул, бештаре аз ин қирғизистониҳо дар Русия ҳастанд. Ба иттилои мақомоти Русия, 571 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар саросари Русия қарор доранд.

Дар Қазоқистон аз 35 то 45 ҳазор, дар ИМА ва Канада 15-20 ҳазор, дар Италия 5,5-6 ҳазор, дар АМА аз 4 то 5 ҳазор, дар Бритониё наздики 2 ҳазор ва дар дигар кишварҳо қариб 10 ҳазор қирғизистонӣ ҳузур дорад, гуфт Имонғозиев.

Ба ҷуз ин, вай афзуд, дар "рӯйхати сиёҳ"-и Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия 60 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон сабт аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2017 шумори шаҳрвандони шомили "рӯйхати сиёҳ"-и Қирғизистон дар Русия ба бештар аз 100 ҳазор мерасид.

XS
SM
MD
LG