Дар ин бора рӯзи 26 декабр дар як нишасти хабарӣ дар Оҷонсии иттилоот ва иртибототи Ӯзбекистон хабар дода шуд.
Аммо гуфта нашуд, ки дар маҷмуъ чанд тан аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ ҳастанд.
Пештар аз ин нашрияи "Ҳуқуқ"-и додситонии кулли Ӯзбекистон навишт, 50 дарсади ҳолатҳои ҷустуҷӯи шаҳрвандони дар пайгарди байналхалқӣ қарордошта на бештар аз 5 сол давом мекунад. Ба навиштаи нашрия, аксари шаҳрвандони ҷустуҷӯшаванда дар ҳудуди Русия ва кишварҳои арабӣ паноҳ мебаранд.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2015-2018 барои истирдоди афроди дар пайгард қарордошта ба Ӯзбекистон аз буҷаи давлатии он кишвар наздики 30 миллион сӯм харҷ шудааст.