Ссылки доступа

Дар Либия даҳҳо донишомӯзи низомӣ кушта шуданд


Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ ба омӯзишгоҳи низомии шаҳри Триполии Либия рӯзи шанбе дасти кам 30 кас кушта ва 33 тани дигар захмӣ шуданд. Вазорати тандурустии Либия гуфт, дар ин ҳамла асосан донишомӯзон ҷон бохтаанд.

Ҳукумати муросои миллии Либия дар ин ҳодиса ҷонибдорони генерали исёнгар ва фармондеҳи "Артиши миллии Либия" Халифа Ҳафтарро айбдор кард. Вале намояндагони генерал, ки мухолифи ҳукумати Либия ҳастанд, ин иддаоро рад карданд.

Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Муаммар Қазофӣ дар соли 2011 дар Либия ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нерӯҳои "Артиши миллии Либия"-и генерал Халифа Ҳафтар пойтахт - шаҳри Триполиро ба муҳосира гирифтаанд, ки дар дасти Ҳукумати созиши миллии аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда қарор дорад.

Аз генерал Ҳафтар Русия, Фаронса, Миср ва АМА ҷонибдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG