Ссылки доступа

Дар интихоботи президентии Хорватия Зоран Миланович пешсаф аст


Дар интихоботи президентии Хорватия Зоран Миланович, сарвазири пешин ва роҳбари Ҳизби мухолифи сотсиал-демократӣ пешсаф аст. Ба иттилои пешакӣ, дар даври дувуми интихобот, ки рӯзи 5 январ барпо шуд, вай 53 дарсад раъй гирифтааст.

Президенти амалкунандаи Хорватия Колинда Грабар-Китарович то 47 дарсад овоз гирифтааст.

Дар даври аввали интихобот, ки ду ҳафта пеш баргузор шуда буд, Миланович наздики 30 дарсад ва Грабар-Китарович қариб 3 дарсад бештар аз Миланович раъй ба даст оварда буд.

Колинда Грабар-Китаровичи 51-сола аз соли 2015 ба ин тараф Хорватияро роҳбарӣ мекунад. Вай дар таърихи Хорватия нахустин зане аст, ки ба курсии президентӣ нишастааст.

Баъди тағйири Конститутсия дар соли 2000 Хорватия ба кишвари порлумонӣ табдил шуд ва президент нисбат ба сарвазир салоҳиятҳои камтареро соҳиб гардид. Аммо президент ҳамоно сиёсати хориҷиро таъйин мекунад ва сарфармондеҳи қувваҳои олии он кишвар ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG