Ссылки доступа

Ба амрикоиҳое, ки дар Туркманистон ҳастанд, тавсия шуд, эҳтиёткор бошанд


Сафорати ИМА дар шаҳри Ишқободи Туркманистон ба шаҳрвандони Амрико тавсия дод, ки дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар минтақа эҳтиёткор бошанд.

Ба шаҳрвандони ИМА тавсия шудааст, ки худнамоӣ накунанд ва атрофи худро ҳамеша таҳти назар дошта бошанд.

Ин ҳушдордиҳии сафорати Амирко дар ҳолест, ки вазъи Ховари Миёна дар пайи куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ дар Ироқ шадид шуд. Генерали эронӣ субҳи 3 январ дар шаҳри Бағдоди Ироқ кушта шуд.

Рӯзи шанбеи 4 январ Кохи сафед эълом кард, ки ба Ховари Миёна наздики 3 ҳазор низомӣ мефиристад. Ин неруҳо дар Кувайт ҷойгир хоҳанд шуд.

Доналд Трамп, президенти ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, дар сурати ҳамла шудан ба амрикоиҳо аз сӯи Эрон, Амрико омода аст, "ба таври фаврӣ ва бо неруи қавӣ" ба 52 нуқтаи Эрон зарба занад. Ба гуфтаи Трамп, ин нуқтаҳо "барои Эрон ва фарҳангӣ эронӣ қобили аҳамият ҳастанд".

XS
SM
MD
LG