Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон гумонбари "таблиғи терроризм"-ро 7 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи Қазоқистон сокини маҳаллӣ Жулдизбек Таурбекови 41-соларо, ки ба "таблиғи терроризм" ва "ангехтани бадбинӣ" айбдор мешуд, 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додраси Додгоҳи ноҳияи Олмалини Қазоқистон Кайрат Имонқулов 6 январ, ҳангоми эъломи ҳукм гуфт, ҳукми мазкур бо назардошти вазъи сиҳатии Таурбеков содир шудааст, ки аз дарди дил ранҷ мебарад.

​Таурбеков аз зумраи ҳашт қазоқистоние аст, ки бо ҷурми "таблиғи терроризм" ва "ангезондани бадбинӣ" равонаи зиндон шуданд.

Ба иттилои додгоҳ, Болатбек Нургалиев, яке аз айбдоршавандаҳо, дар паёмрасони WhatsApp барои "таблиғи терроризм ва ақидаҳои салафия" гуруҳ таъсис дода, дигаронро ба он шомил кардааст. Ин одамон аз минтақаҳои мухталифи Қазоқистон дар гуруҳ ҷамъ шуда, "бо дарки хилофи қонун будани рафторашон... мавзуъҳои марбут ба динро баҳсу баррасӣ карда, барқасдона ба изҳороти тундгароёна даст задаанд, ки терроризмро таблиғ карда, бадбинии диниро барангехтааст".

Созмони ҳомии ҳуқуқи "Алянс Тирек"-и Қазоқистон гуфт, маҳкумшудаҳои мазкур ба хотири ақидаи диниашон таъқиб шудаанд.

XS
SM
MD
LG