Ссылки доступа

Боздошти 27 нафар бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"


Мақомоти интизомии Тоҷикистон 27 нафарро бо гумони узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин" дастгир кардаанд.

Чанд манбаъ дар мақомоти интизомӣ рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки як шабакаи аъзои ин созмони мамнуъ дар кишварро ошкор кардаанд ва ин афрод дар як ҳафтаи ахир дастгир шуданд.

Расонаҳои дигар теъдоди боздоштшудагонро зиёдтар гуфтаанд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, ки "теъдоде аз ин афрод дар вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе дастгир шудаанд. Дар байни онҳо устодони донишгоҳҳо ва раиси яке аз ҷамоатҳо ҳастанд".

Наздикони бархе боздоштшудаҳо мегӯянд, баъди боздошт мақомоти интизомӣ хонаҳои онҳоро кофтуков кардаанд. Хешовандони яке аз афрод, ки нахостанд исмашон зикр шавад, мегӯянд, фарзанди онҳоро рӯзи панҷшанбе 2-юми январ дастгир кардаанд ва аз он рӯз ӯро надидаанд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, фарзанди онҳоро бар асоси шаҳодатҳои додарарӯсаш, ки руҳонӣ будааст, дастгир кардаанд. Ӯ гуфт: “Кормандони интизомӣ ба хона омада, ҳама ҷойро тафтиш карданд ва чанд китоби диниеро, ки дар хона буд бо худ бурданд. Ба мо чизе нагуфтанд, аммо ҳама ҷой, ҳатто то оғилро ҷустуҷӯ карданд.”

Фарзанди ин хонавода, ки боздошт шудааст, хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ буда, чанд муддат ҳамчун муаллим кор кардааст. Мусоҳиби дигари мо аз мақомоти интизомӣ гуфт, дар байни дастгиршудагон Исмоил Қаҳҳоров, як рӯҳонӣ аз ноҳияи Ваҳдат, Абдулло Мукамилов аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳастанд. Додситонии Тоҷикистон ҳанӯз иттиҳомоти онҳоро эълон накардааст.

Созмони "Ихвон-ул-Муслимин" аз соли 2006 дар Тоҷикистон созмони ифротӣ ва мамнӯъ эълон шудааст ва моҳи майи соли 2016 панҷ имом-хатиб аз вилояти Суғдро бо гуноҳи узвият дар ин созмон ба 5 солӣ маҳкум ба зиндон карданд.

Давлати Тоҷикистонро солҳои ахир барои саркӯби дигарандешон ва аз ҷумла рӯҳониёни шинохта пайваста танқид мекунанд.

"Ихвон-ул-муслимин” як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфта, фаъолияти онро дар бисёре аз кишварҳои арабӣ низ мамнӯъ кардаанд. Фаъолияти созмони "Ихвон-ул-муслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 баъд аз шомил шудани ин созмон дар феҳристи созмонҳои террористии Русия ва бархе кишварҳои Аврупо, манъ гардид.

XS
SM
MD
LG