Ссылки доступа

ИМА ҳукумати Ироқро аз кӯчонидани неруҳояш огаҳ кард


ИМА ҳукумати Ироқро огаҳ кардааст, ки нерӯҳои низомии худро ба ҷои дигар интиқол медиҳад. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба намояндаи расмии Амрико, ки бо қазия ошно аст, иттилоъ дод.

Намояндаи расмии ИМА дар Бағдод ба CNN гуфтааст, сухан аз интиқоли нерӯҳои амрикоӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар дар ҳудуди Ироқ меравад. Ҳамсуҳбати телевизион гуфт, ки ин гуна огаҳкуниҳо як меъёри маъмулист.

"Барои намуна, имшаб мо барои парвози "шумори зиёди чархболҳо" дар ҳудуди Бағдод омодагӣ дидем ва ин нишон медиҳад, ки мо дар асоси қонунҳои Ироқ фаъолият дорем", - афзудааст ӯ.

Нерӯҳои эътилофи ба раҳбарии ИМА, ки дар Ироқ зидди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" меҷангиданд, рӯзҳо ё ҳафтаҳои наздик ин кишварро тарк хоҳанд кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба номаи фармондеҳии Амрико иттилоъ додааст.

Намояндаи Пентагон дар Вашингтон гуфт, нома воқеӣ нест.

XS
SM
MD
LG