Ссылки доступа

Амрико ба Зариф барои иштирок дар нишасти Шӯрои Амният "виза надодааст"


Расонаҳо навиштанд, ки вазири корҳои хориҷии Эрон аз Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк виза ё раводид дарёфт накардааст. Мақомҳои расмӣ ҳанӯз ба хабарҳо вокунише нишон надодаанд.

Расонаҳо навиштанд, Доналд Трамп дар ин ҳафта ҷилави вуруди дипломатҳои баландпояи Эронро ба Амрико барои ширкат дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди кушта шудани Қосим Сулаймонӣ гирифтааст.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ин иқдом "дар таноқуз бо созиши СММ дар соли 1947 аст, ки аз Вашингтон мехоҳад ба мақомҳои хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Амрикоро барои масоили марбут ба Созмони Милал, бидиҳад".

Муҳаммадҷавод Зариф, "чанд ҳафта пеш" барои вуруд ба Амрико дархост пешниҳод карда буд, то дар нишасти рӯзи 9-уми январи Шӯрои Амният иштирок кунад. Нишасти рӯзи 9-уми Шӯрои Амнияти СММ нахустин фурсат барои вазири умури хориҷии Эрон буд, то мустақиман дар мавриди ҷараёни кушта шудани фармондеҳи Сипоҳи Қудс Қосим Сулаймонӣ дар Бағдод назари худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар миён бигузорад.

Қосим Сулаймонӣ ҷумъаи 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Мақомҳои эронӣ таҳдид кардаанд, ки "интиқоми сахте" хоҳанд гирифт. Трамп низ таҳдид кардааст, ки ба ҳар вокунише аз сӯи Эрон ба "шиддат" ва "сареъ" посух хоҳад дод.

Чанд моҳ қабл вазири умури хориҷии Амрико дар мусобиҳае бо "Вашингтон пост" гуфта буд, вақте дипломтаҳои амрикоӣ иҷоза надоранд ба Теҳрон бираванд, дипломатҳои эронӣ ҳам наметавонанд озодона дар Ню-Йорк озодона гаштугузор кунанд.

XS
SM
MD
LG