Ссылки доступа

Блогнависи ӯзбекистонӣ мансабдори давлатиро ба додгоҳ кашид


Хуршед Далиев, рӯзноманигор ва блогнависи ӯзбекистонӣ роҳбари маркази матбуотии шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон Гулшаной Кучкароваро ба додгоҳ кашид.

Далиев мегӯяд, Кучкарова тавассути Интерент нисбати вай иттилои таҳқиромез паҳн кардааст.

Додгоҳи шаҳрии Андиҷон баҳси Хуршед Далиевро бо Гулшаной Кучкарова 8 январ баррасӣ хоҳад кард.

Кучкарова блогнавис Далиевро "хоин ва ҳангомапардоз" ва узви "Ҳизб ут-Таҳрир" унвон кардааст. Аммо баъдтар ин мансабдор гуфт, ки ин ҳарфҳоро нисбати Далиев дар авҷи хашму ғазаб навиштааст.

Додгоҳи олии Ӯзбекистон хабар дод, нисбати Гулшаной Кучкарова бо моддаи "туҳмат" ва "таҳқир" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG