"Ман ғазаболуд ба кӯча баромадам. Назарбоев барномаи 2020-еро, ки эълом карда буд, иҷро накард. Бинобар ин, ман талаб дорам, ки дахлнопазирии хонаводаи ӯ бекор ва зиддашон барои барангехтани бадбинии иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Вақте Назарбоев сари қудрат омад дар кишвар совхозу колхозҳо кор мекарданд ва омӯзишу хидматрасониҳои тиббӣ ройгон буданд. Вале ӯ ин ҳамаро аз байн бурд", - изҳор дошт Бекболат Утебоев.
Ба маҳзи даст ба тазоҳурот задани фаъоли маданӣ масъули шуъбаи сиёсати дохилии шаҳрдории Уралск ба назди ӯ баромада, қоидаҳои ташкили тазоҳуроти гирдиҳамоиҳоро барояш шарҳ дод.
"Аз онҳое, ки мехоҳанд ба даъвати лағви дахлнопазирии хонаводаи Назарбоев пайванданд, хоҳиш мекунам, танҳо дар мошинҳои худ лентаи сафедеро бибанданд", - афзуд Утебоев. Ӯ ҳамчунин як лентаи сафедро дар симчӯбе баст.
Бекболат Утебоев як моҳ пеш низ бо талаби "адолати иҷтимоӣ" тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карда буд.