Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон рӯзноманигор Батирбековро озод кард


Рӯзноманигори қазоқ Амонкелдӣ Батирбеков, ки бо ҷурми "туҳмату таҳқир" 2 солу 3 моҳ зиндонӣ шуда буд, дар пайи эътирозҳо озод гашт.

Мурофиаи додгоҳие, ки дар он ҳукми Батирбековро бознигарӣ карданд, субҳи 9 январ баргузор шуд.

Даҳҳо ҷонибдори муҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо" аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон ҷамъ омада, аз додгоҳӣ хостанд, ҳангоми баррасии шикояти Батирбеков ӯро сафед кунад.

Муҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо", Амонкелдӣ Батирбеков 23 сентябри соли гузашта бо айби таҳқиру туҳмати мансабдори маҳаллӣ зиндонӣ шуд. Додгоҳ ӯро ҳамчунин дар пардохти наздики 5300 доллар ҷуброни маънавӣ вазифадор кард. Рӯзноманигор айбҳои эъломшударо рад кард. Вай гуфт, ба хотири матлабҳои танқидиаш таъқиб шудааст.

Рӯзи 18 октябрсоли 2019 созмони "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон", ки дар ИМА қарор дорад, низ аз мақомоти Қазоқистон озодии фаврии рӯзноманигорро хоста буд.

XS
SM
MD
LG