Ссылки доступа

Мошинҳои борбари Қирғизистон марзи Қазоқистонро бо душворӣ убур мекунанд (видео)


Рӯзҳои истироҳати гузашта дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Тилек" байни Қирғизистону Қазоқистон навбатпоии тӯлонии мошинҳои борбар ташкил шуд.

Ба гуфтаи ронандагон, ин навбатпоӣ дар пайи он сар зад, ки марзбонони Қазоқистон аз мошинҳои борбар муҳри электронӣ талаб кардаанд. Дар ҳамин ҳол мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, аз ҷониби онҳо ҳеч монеае эҷод нашудааст.

Абдикарим Олимбоев, муовини сардори Хадамоти гумрики Қирғизистон тасдиқ кард, ки дар рӯзҳои охир вуруди мошинҳои борбар ба Қазоқистон мушкил шудааст.

"Ба маҳзи ба ҳудуди Қазоқистон ворид шудани мошинҳои борбари мо онҷо бояд ба онҳо муҳри электронӣ диҳанд. Тавассути ин дастгоҳҳо ҳаракати мошинҳо то марзи Қазоқистону Русия назорат карда мешавад. Ин талабот танҳо ба он мошинҳое дахл дорад, ки маҳсулоти ниёзи аввалия мекашонанд. Ба гуфтаи ҷониби Қазоқистон, ҷамъшавии мошинҳо дар пайи норасоии муҳрҳои электронӣ сар задааст", - гуфт Олимбоев.

XS
SM
MD
LG