Ссылки доступа

Расонаҳо: президенти Эстония шароби қримии сафорати Русияро қабул накард


Керстӣ Калюлайд, президенти Эстония шароби қримиеро қабул накард, ки сафорати Русия онро ҳамчун туҳфа ирсол карда буд. Дар ин бора расонаҳои Эстония хабар медиҳанд.

Сафорати Русия ба Калюлайди 50-сола гулдаста, ширинӣ ва шароб фиристод. Дастгоҳи президент, ба навиштаи расонаҳо, зарфи шаробро ба сафорат баргардонидааст.

Сафорати Русия то кунун ин хабарро шарҳ надодааст.

Эстония аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ғасби Қримро аз сӯи Русия ғайриқонунӣ медонад. Калюлайд борҳо пуштибонии Москваро аз ҷудоихоҳони шарқи Украина танқид кардааст.

Русия Қримро дар соли 2014 ғасб кард. ИМА ва кишварҳои Ғарб ин ғасбкориро вайронсозии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ баҳо доданд. Дар пайи ин нисбати Москва таҳрим ҷорӣ шуд.

XS
SM
MD
LG