Ссылки доступа

Дар Бишкек муҳаррири сомонаи FactCheck-ро латту кӯб карданд


 Болот Темиров
Болот Темиров

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон муҳаррири сомонаи FactCheck.kg Болот Темировро латту кӯб карданд. Идораи ин сомона хабар дод, ки се марди ношинос ба рӯзноманигор ҳамла ва телефони ӯро рабуданд.

Ҳамкорони Темиров пулис ва ёрии таъҷилиро даъват кардаанд. Темировро барои навиштани ариза ва баёнот ба идораи пулис бурданд.

Гуфта мешавад, мардҳое, ки Болот Темировро латту кӯб карданд, дар рӯзҳои охир дар наздикии идораи Factcheck.kg дида шудаанд.

Моҳи декабри соли 2019 сомонаи Factcheck.kg баъди нашри таҳқиқоти рӯзноманигорие мавриди ҳамлаи ҳаккерӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG