Ссылки доступа

Ҳуҷуми эътирозгарон дар Абхозистон ба бинои президентӣ


Эътирозгарон дар минтақаи ҷудоиталаби Абхозистони Ҷумҳурии Гурҷистон ба биное ҳуҷум карданд, ки амалан дафтари президенти минтақа Раул Хаҷимба маҳсуб меёбад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа мегӯяд, ки рӯзи 9 январ даҳҳо эътирозгар ҳама тирезаву дарҳои ошёнаи аввалро шикастанд ва садҳо нафари дигар дар берун бо шиорҳои “Истеъфо, Хаҷимба!” ба барканории раҳбари минтақа даъват карданд.

Худи Хаҷимба дар ин лаҳзаҳо дар дохили бино набуд. Эътирозгарон аввал дар муқобили бинои Додгоҳи олӣ ҷамъ шуданд. Қарор буд дар ин додгоҳ номзади мухолифон Алхаз Квитсиния суханронӣ кунад. Ӯ алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ ариза дода талаб кардааст, ки ин натиҷаҳо бекор шавад. Дар интихобот Хаҷимба пирӯз шуд.

Дар ҷараёни эътирозҳо миёни тарафдорони Хаҷимбаву мухолифони онҳо задухӯрдҳое хурде рух дод, вале ҳеҷ нафаре маҷрӯҳ нашудааст.

Интихобот дар Абхозистон тирамоҳи соли 2019 баргузор шуд, вале Квитсиния, ки дар муқобили Хаҷимба мағлуб гардид, бо нишони норизоият аз натиҷаҳои овоздиҳӣ ба додгоҳ шикоят кард.

XS
SM
MD
LG