Ссылки доступа

Муноқишаи шабона дар марз. Тирпарронӣ аз ҷониби Тоҷикистон буд ё Қирғизистон?


Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ки шаби 10-уми январ дар марзи ду кишвар муноқиша сар задааст. Ҳодиса дар минтақаи наздимарзии маҳаллаи Сомониёни Исфара ҳаммарз бо Кӯктоши Ботканд рух додааст.

Гуфта мешавад, ки сангандозии сокинон ба сӯи мошинҳои якдигар шабона боиси сар задани ин муноқиша шудааст. Ҷонибҳо сокинон ва низомиёни якдигарро муттаҳам мекунанд, ки даст ба тирандозии ҳавоӣ задаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ бо пахши як изҳорот шаҳрвандони Қирғизистонро дар сар задани ҳодиса гунаҳкор кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон ба сӯи мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ карда, баъдан аз силоҳ низ истифода бурдаанд.

Аммо Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфт, ки афроди номаълум ба сӯи шаҳрвандони қирғиз тирпарронӣ карда, сипас дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки шоми 9-уми январ гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Кӯктош, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, ба гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз роҳи деҳаи Сомониён монеа эҷод карданд.

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи "Мерседес бенс"-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд. Дар посух ба ин амали иғвогарона, тахминан соати 00.10 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро бо санг заданд",-гуфта мешавад дар изҳороти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар изҳороти худ гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон мошинеро дар маҳалли Кочо-Карин сангборон кардаанд. Ин мошин аз Ботканд ба Кӯктош равон буд ва шишаи пеши мошин шикаста шудааст. Сипас, ба иттилои Хадамоти марзбонӣ, "тақрибан соати 2:40 дақиқа шаҳрвандони Тоҷикистон ҳавлии шаҳрванди Қирғизистон дар маҳалли Дахмаро сангборон карданд".

"Марзбононе, ки якҷо бо намояндаҳои сохторҳои қудратӣ ба сӯи манзили шаҳрванди Қирғизистон равон буданд, аз самти қаламрави Тоҷикистон аз камони шикорӣ тирборон шуданд",-гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ва афзудаанд, ки "тирпарронӣ бо таваққуф ва танҳо аз самти Тоҷикистон сурат мегирифт".

Дафтари матбуотии Неруҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, соати 2-и шаби 10-уми январ сокинони маҳаллаи Кок-тош аз силоҳи оташфишони ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд. Инчунин ба гуфтаи мақомоти тоҷик, соатҳои тақрибан 04 аз тарафи Қирғизистон бо камони шикорӣ ба мошини шахсии корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Исфара Фарҳод Икромзода тирандозӣ шуд. "Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст",-омадааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Ҳарду тараф мегӯянд, феълан вазъ дар марз зери назорат аст. Як гурӯҳи тафтишотӣ аз мақомоти ду кишвар ба гуфтаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон, ба фаъолият оғоз карданд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки дар миёни шаҳрвандони қирғиз осебдидаҳо ҳастанд ва шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара дар "Фейсбук" навиштааст, то ҳанӯз дар мавриди осеб дидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин тирпаронӣ иттилое нарасидааст.

Як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло маҳали муноқиша ором аст, вале сокинон аз такрори таниш дар хавотиранд ва канори деҳа ҷамъ омадаанд. Ӯ афзуд, нимашаби гузашта садои тирандозии сахт сокинон сахт парешон кард.

Деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ канори ҳам ҷойгиранд. Ин ду деҳа аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ маҳсуб меёбанд, ки дар он сокинони тоҷику қирғиз канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва гоҳу ногоҳ байни сокинон сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин, баҳсу муноқишаҳо рух медиҳад. Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ки асосан байни сокинон сар мезанад дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.

XS
SM
MD
LG