Ссылки доступа

Ду муҳоҷири туркман бо гумони куштори шаҳрванди Ӯзбекистон дастгир шуданд


Дар шаҳри Истамбули Туркия ду шаҳрванди Туркманистон бо гумони куштори як шаҳрванди Ӯзбекистон ва расонидани зарари ҷисмонии сахт ба ҳамватани худ боздошт шуданд. Дар ин бора расонаҳои туркӣ 9 январ хабар доданд.

Ба иттилои нашрияи "Миллият", сокинони маҳаллӣ 1 январ, тахминан соатҳои 10-и шаб дар ноҳияи Эсенюрти Истамбул ҷавонеро бо гардани бурида пайдо ва "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват кардаанд.

"Дар натиҷа табибон шаҳрванди 23-солаи Туркманистон бо номи Арслонро ба беморхона интиқол дода, бистарӣ кардаанд ва ӯ танҳо пас аз се шабонарӯз ба ҳуш омадааст", - менависад нашрия.

Арслон дар натиҷаи низое захмӣ шудааст, ки миёни ӯву 5 дӯсташ дар манзиле дар ноҳияи Эсенюрт сар задааст. Ба гуфтаи Арслон, он шаб шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Олимбойро низ корд задаанд, ки дар натиҷа дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст.

Дар ҳамин ҳол пулиси Туркия хабар дод, ки 3 январ дар соҳили рӯдхона, дар маҳаллаи Бейликдузи Истамбул ҷасади ҷавонеро бо захми корд пайдо кардаанд. Дар робита ба ин куштор ду шаҳрванди Туркманистон марди 44- соларо бо ҳамсарашро боздошт кардаанд. Як шаҳрванди 35-солаи Ӯзбекистон бо номи Ҷамол низ дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG