Ссылки доступа

Палатаи намояндагони порлумони Бритониё тарҳи қонуни хуруҷ аз ИА-ро қабул кард


Палатаи намояндагони порлумони Бритониё ниҳоят тарҳи қонуни хуруҷи ин кишварро аз Иттиҳоди Аврупо қабул кард.

Ҳамакнун тарҳи қонун барои тасдиқ ба палатаи болоӣ ирсол шуд. Интизор меравад, баррасии тарҳ дар палатаи болоӣ ибтидои ҳафтаи оянда шуруъ шавад.

Тарҳи мазкур дар асоси шартномае таҳия шудааст, ки пеш аз ин миёни сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва Брюссел баста шуд. Ин тарҳ аз шакли пешинаш каме фарқ дорад, ки Ҷонсон дар моҳи октябр мехост, порлумон онро тасдиқ кунад. Моҳи октябр порлумон тарҳро рад кард ва ба дунболи он дар Бритониё интихоботи пеш аз муҳлат эълом гардид. Ҳизби муҳофизакорони Барис Ҷонсон дар интихоботи рӯзи 12 декабр пирӯз шуд.

Тарҳи қонуне, ки ахиран аз сӯи порлумон қабул шуд, хуруҷи Бритониёро дар санаи 31 январи соли ҷорӣ аз Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ мекунад. Баъди хуруҷ гуфтугӯҳои нави Бритониё бо Брюссел дар мавриди доду гирифти тиҷорӣ ва иқтисодӣ шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG