Ссылки доступа

Кирокаши ӯзбекистонӣ дар Прага бо визаи лаҳистонӣ ва ҳуҷҷатҳои украинӣ боздошт шуд


Пулиси шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех кирокаши ӯзбекистониеро боздошт кард. Пулис ин ронандаро баъди он боздошт кард, ки борҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

"Ронанда шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Вай мошинро бо рақамҳои давлатии лаҳистонӣ меронд ва ҳуҷҷатҳои ронандагиаш дар Украина таҳия шудаанд. Ба илова, дар ҳудуди Ҷумҳурии Чех вай бо визаи лаҳистонӣ қарор дошт. Ин мард ҳадди ақал ду банди қонунро вайрон кардааст - бидуни ҳаққи кор ба фаъолият машғул шудааст ва бидуни иҷоза кирокашӣ чунин хизматрасониро анҷом додааст", - хабар медиҳанд расонаҳои Ҷумҳурии Чех.

Пулиси шаҳри Прага санад тартиб дода, шаҳрванди Ӯзбекистонро ба ихтиёри мақомот супурдаанд.

XS
SM
MD
LG