Ссылки доступа

Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон як узви гуруҳи ҷиноиро ҳабс карданд


Додгоҳи шаҳрии Ӯши Қирғизистон узви гуруҳи ҷиноӣ - Умар Маратовро, ки бо лақаби "Қазоқ" маъруф аст, як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Қарори додгоҳ дар ин бора 19 январ содир шуд.

Маратовро 17 январ бо гумони иштирок дар латту кӯби Улан Раимбеков, хеши шаҳрдори пешини Ӯш Айтмамат Қодирбоев боздошт карданд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, Раимбеков ба додгоҳ арз кардааст, ки нисбати Маратов даъво надорад. Аммо пулис мегӯяд, ин ҳолат боздоштшударо аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намекунад.

Улан Раимбеков, ки рӯзи 11 январ дар шаҳри Ӯш латту кӯб шуд, дар бемористон табобат мегирад.

Маратов пештар бо моддаҳои "дуздӣ" ва "ғоратгарӣ" суд шудааст. Моҳи октябри соли 2019 ӯро бо гумони таҷовузи як ноболиғ боздошт карданд. Аммо рӯзи 8 январ додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ фиристод.

XS
SM
MD
LG