Ссылки доступа

ИА ба бахши ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон беш аз 5 млн евро кумак кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба буҷаи Қирғизистон 5 млн 750 ҳазор евро кумак кард. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар дод.

Намояндагии ИА гуфт, ин маблағ барои бахши ҳифзи иҷтимоӣ ҷудо шудааст. Ин севумин ва охирин бахши кумак дар доираи барномае аст, ки ҳадафаш мусоидат ба ислоҳоти бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар Қирғизистон унвон мешавад.

Ҳаҷми умумии маблағе, ки соли 2016 ба ин тараф ба ҳукумати Қирғизистон дода шудааст, 16,5 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ба иттилои намояндагии ИА, дар натиҷаи кумак ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо созмонҳои ғайридавлатие афзудааст, ки ба қишри осебпазири аҳолӣ хизматрасонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG