Ссылки доступа

Номаи Гулнора Каримова ба Мирзиёев: омодаам бар ивази озодӣ аз $686 млн даст кашам


Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов бо нашри як номаи боз ба унвонии президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев гуфта, ки омодааст, бар ивази озод шудан аз тамоми моликияташ даст бикашад.

Ин нома 25 феврал дар шабакаи иҷтимоии Инстаграми Имон Каримова, духтари Гулнора нашр шудааст, ки аз сӯи гуруҳи вакилон идора мешавад. Дар аввали нома духтари Каримова гуфтааст, "ба Мирзиёев ҳамчун шахсе муроҷиат мекунад, ки ӯро солҳо боз шахсан мешиносад".

Каримова ба Мирзиёев аз интиқоли батакрор аз як зиндон ба зиндони дигар ва қатъ нашудани парвандаҳои ҷиноие шикоят кардааст, ки хилофи Конститутсия ва Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Каримова, бо вуҷуди мусодира шудани тамоми амволи худу фарзандонаш ба маблағи 1,2 миллиард доллар ҳаҷми "хисороти расонидаи ӯ ба давлат кам нашудааст". Каримова афзуда, ки ба хотири ҳифзи саломатӣ ва хонаводааш омодааст, аз ҳама гуна даъвои молии худ, бахусус аз ягона дороии ҳабсшудаи хонаводааш дар Швейтсария бар ивази "қатъи парвандаҳо" даст кашида, ба додани 686 миллион доллар ба давлати Ӯзбекистон розигӣ диҳад.

Духтари калонии Ислом Каримов гуфтааст, ки вазъи саломатиаш хеле бад шуда, ба чандин ҷарроҳӣ ниёз дорад. "Умедворам, ин муроҷиати маро ҳамчун шахси бомасъулият, поквиҷдон ва ба хотири падарам, ки борҳо ӯро устоди хеш номидаед, ҷонибдорӣ мекунед. Муроҷиати ман ба он хотир бозу тавассути расонаҳо сурат мегирад, ки медонам, номаҳои расмии ман ба шумо намерасанд", - навиштааст Каримова ба Мирзиёев.

Соли 2017 Гулнора Каримоваро дар Ӯзбекистон 10 сол зиндонӣ карданд. Вай дар сарпечӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳвсозии ҳуҷҷатҳои ширкатҳои офшорӣ айбдор шуд.

XS
SM
MD
LG