Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон барои иштирок накардани хонандагон дар дарс аз маоши омӯзгорон мебуранд


Мақомоти маорифи шаҳри Гулистони Ӯзбекистон 29 феврал дар мактабҳои миёнаи шаҳр тафтиш гузарониданд. Ба далели ҳузур надоштани бархе аз хонандагон дар дарс мақомоти маориф аз маоши моҳи феврали роҳбарони синф кам карданд.

Як омӯзгор гуфт, муҳосибот аз маоши моҳи феврали вай 85 ҳазор сӯм (ҳудуди 85 доллар) буридааст.

"Дар рӯзи тафтиш аз 38 хонанда 4 нафар ҳузур надошт. Сабаби ҳузур надоштанашон барои ман маълум нест. Бо ҳамин баҳона муҳосибот аз маоши ман кам кард. Оё ин одилона аст?", - суол мегузорад омӯзгор.

Аммо мақомот мегӯянд, танҳо ҳамон саҳмеро кам кардаанд, ки омӯзгорон барои роҳбарии синф дарёфт мекарданд.

"Мақомоти маорифи шаҳр тасмим гирифт, ки роҳбарони синфро барои иҷро накардани уҳдадориҳояшон "ҷазо" диҳад. Ба ҳамин хотир аз маоши моҳи феврали онҳо нисфе аз саҳми ҳаққи заҳмат барои роҳбарии синф бурида шуд", - гуфт Муҳаббат Қосимова, мудири яке аз мактабҳои шаҳри Гулистони Ӯзбекистон. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ аз мактаби зери роҳбариаш шаш омӯзгор ба ин шева муҷозот шудааст.

Шуҳрат Ҳасанов, мудири маорифи шаҳри Гулистон гуфт, дар маҷмуъ дар пайи тафтиши мактабҳо ҳудуди 30-40 роҳбари синфро "ҷазо" додаанд.

XS
SM
MD
LG