Ссылки доступа

Баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар Қазоқистон манъ шуд. Сабаб - хатари вируси корона


Дар Қазоқистон барои хонандагон аз 16 март то 5 апрел таътил эълом карданд. Макотиби олӣ ва коллеҷҳо ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд. Дар ин бора муовини сарвазири Қазоқистон Ералӣ Тугжанов рӯзи 12 март хабар дод.

Баъди он ки Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ вируси коронаро ҳамафарогир эълом кард, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ҳукумати кишвараш ба амалисозии "чораҳои вижаи пешгирӣ" шуруъ мекунад. Тоқаев дар твиттер навишт, ки тамоми чорабиниҳои оммавӣ манъ мешаванд.

Тугжанов, муовини сарвазири Қазоқистон дар як нишасти хабарӣ субҳи 12 март гуфт, "бо ҳадафи роҳ надодан ба вуруди вирус" сар аз 13 март баргузории нишастҳо, давраҳои омӯзишӣ, ҷашнҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ манъ мешавад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ин кишвар то кунун ҳолати гирифторӣ ва паҳншавии вируси корона сабт нашудааст.

Тугжанов дар нишасти имрӯзӣ хабарҳо дар бораи камчин шудани маводи ғизоиро дар мағозаҳо рад кард.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи панҷшанбе арзиши як доллари ИМА дар саррофиҳои Қазоқистон аз марзи 400 танга убур кард. Арзиши тангаи қазоқӣ баъди уфти қимати нафт пойин рафт. Нафт ҳам қиматашро дар бозори ҷаҳонӣ дар пайи густариши вируси корона аз даст дод.

XS
SM
MD
LG