Ссылки доступа

Эътирози фаъолони Алмато зидди баста шудани суратҳисобҳои бонкиашон (видео)


Гуруҳе аз фаъолони мадании шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 12 март, баъди якбора баста шудани суратҳисобҳои бонкиашон назди идораи пулис ҷамъ омаданд ва аз мақомот шарҳ талаб карданд.

Мақомоти бонкии Қазоқистон гуфтаанд, ки суратҳисоби фаъолонро бо талаби муфаттиши пулис бастаанд.

Жасарал Куанишалин, яке аз фаъолон баста шудани суратҳисоби бонкиашро дар ширкат дар як суҳбати онлайние бо мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов рабт медиҳад, ки оғози моҳи ҷорӣ сурат гирифта буд.

"Ҳамаи касоне, ки дар он пахши мустақим ширкат доштанд, суратҳисобҳояшон баста шудааст. Бо як ибора, ин иқдом зидди Мухтор Аблязов равона шудааст. Президенти пешин, Нурсултон Назарбоев ва атрофиёнаш аз вай метарсанд. Аблязов барои онҳо душмани рақами як аст. Доштани камтарин алоқа ё робита бо Аблязов кофист, ки туро "тундгаро" унвон кунанд", - гуфт Жасарал Куанишалин.

Дар маҷмуъ суратҳисоби бонкии 18 кас баста шудааст. Ин афродро дар доираи парвандаи "Ширкат дар созмоне, ки фаъолияташ мамнуъ аст" ба идораи пулис даъват ва бозпурсӣ кардаанд.

Миёни даъватшудаҳо касоне ҳам ҳастанд, ки дар гузашта бо айби узвият дар созмони мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон", ки марбут ба Мухтор Аблязов аст, зиндонӣ шуда буданд.

Мақомоти пулиси Алмато гуфтанд, баста шудани суратҳисоби фаъолон муваққатист.

Ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" соли 2018 мамнуъ эълом шуд. Дар ду соли охир даҳҳо сокини Қазоқистон бо айби узвият дар ҳаракати мазкур боздошту зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG