Ссылки доступа

Пешгирӣ аз қочоқи 95 ҳазор ниқоби тиббӣ аз Қирғизистон


Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 13 март хабар дод, ки дар гузаргоҳи "Чон-Капкан-мошингард" аз қочоқи маҳсулот ба Қазоқистон пешгирӣ шудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи тафтиши мошини шаҳрванди Қирғизистон 95 ҳазору 600 дона ниқоби тиббӣ пайдо шудааст. Ронанда ниқобҳоро зери халтаҳои хушкмеваҳо пинҳон кардааст. Арзиши умумии моли қочоқӣ 1 млн 400 ҳазор сомро ташкил медиҳад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҳукумати ин кишвар аз 3 феврал содироти дору ва ниқобҳои тиббиро барои 6 моҳ манъ кардааст.

Мақомоти Қирғизистон пештар хабар доданд, ки дар робита ба камбуди ниқоби тиббӣ корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли ниқоб шуруъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG