Ссылки доступа

Ҳукумати Алмато гуфт, ҳангомаҳо боиси гаронии нархҳо хоҳанд шуд


Еркебулан Оразалин, роҳбари идораи соҳибкорӣ ва сармоягузории шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 13 март гуфт, ки қазоқистониҳо бо ҳангомасозӣ "қимати маҳсулотро боло мебаранд".

"Ҳоло дар мағозаҳо ҳангома ба мушоҳида мерасад. Одамон навбатпоӣ карда, моли зиёде мехаранд. Ин гуна рафтор кардан даркор нест. Онҳо бо ин амалашон ба болоравии нархҳо сабаб мешаванд", - гуфт Оразалин.

Вай афзуд, мақомот талош доранд, ки ба болоравии беасоси нархи маҳсулот роҳ надиҳанд.

Мақомоти Қазоқистон ахиран аз "чораҳои пешгирӣ" хабар доданд ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона баргузории таҷлил аз Наврӯзро манъ карданд. Дар пайи ин изҳороти мақомот ва уфти қурби тангаи қазоқӣ, дар мағозаҳои шаҳри Алмато рӯзи 12 март навбатпойии тӯлонии харидорон ба мушоҳида расид. Чунин ҳолат дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ дида мешавад.

Оразалин гуфт, ҳеч маҳдудияте дар хариди молу ғизо ҷорӣ намешавад. "Ҳатто агар карантин эълом шавад, муассисаҳои таъмини маҳсулоти ғизоӣ баста нахоҳанд шуд", - гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи панҷшанбе арзиши як доллари ИМА дар саррофиҳои Қазоқистон аз марзи 400 танга убур кард. Арзиши тангаи қазоқӣ баъди уфти қимати нафт пойин рафт. Нафт ҳам қиматашро дар бозори ҷаҳонӣ дар пайи густариши вируси корона аз даст дод.

XS
SM
MD
LG