Ссылки доступа

Муҳоҷирони ғайриқонуниро дар Москва тавассути идораҳои интиқоли маблағ ошкор мекунанд


Додситонии шаҳри Москваи Русия хабар дод, ки дар ҳамкорӣ бо хадамоти Росфинмониторинг ё Назорати молии Русия ба ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ шуруъ кардааст.

Ошкорсозии муҳоҷирони ғайриқонунӣ тавассути низомҳои интиқоли маблағ сурат мегирад.

Денис Попов, додситони Москва дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, макони ҷамъшавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо кӯмаки идораҳо ва ташкилотҳои интиқоли маблағ шиносоӣ шуд.

"Росфинмониторинг дар бораи низомҳои интиқоли маблағ ба хориҷ ба мо маълумот дод. Иттилои дарёфтиро мо тавассути харитаи шаҳр таҳлил кардем ва ҷойи ҷамъшавии муҳоҷирони ғайриқонуниро ошкор намудем. Бештари чунин маконҳо дар назди сохтмонҳо ва иншооти саноатӣ ҷойгир ҳастанд. Ба ин тартиб, ошкор шуд, ки бештар аз ҷанубу шарқи Москва ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон маблағ интиқол медиҳанд", - гуфт Денис Попов.

Ба гуфтаи вай, "шикори муҳоҷирон", "поккорӣ" ва "рейдҳо" ҳамакнун дар асоси усули нав ба роҳ монда мешаванд.

Попов ҳамчунин гуфтааст, ки "дар оянда дар ҳамкорӣ бо Росфинмониторинг соҳибкорони бевиҷдоне ошкор хоҳанд шуд, ки аз меҳнати муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода мекунанд".

Додситони шаҳри Москва ҳамзамон илова кардааст, ки "ҳар ҳафтумин куштор, ҳар севумин дуздӣ ва ҳар дувумин таҷовуз ба номусро муҳоҷирон анҷом медиҳанд".

Ба иттилои Бонки марказии Русия, дар ибтидои соли ҷорӣ танҳо дар шаҳри Москва бештар аз 1 миллион муҳоҷир кори муҳоҷирӣ дарёфт кардааст. Дар умум, шумори муҳоҷирони дорои корти муҳоҷирӣ дар Москва ба 4,5 миллион мерасад, ки аз ин шумор 644 ҳазор дар асоси патент фаъолият мекунад.

Ба иттилои созмони FinExpertiza, давоми ҳафт соли охир интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои худ коҳиш ёфтааст. Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз соли 2009 то 2018 аз Русия ба хориҷ 141,4 миллиард доллар интиқол додаанд. 30 дарсади ин маблағ ба муҳоҷирони Ӯзбекистон тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG